Ноябр 06, 2016 16:33 Asia/Dushanbe
  • Кушта ва захмӣ шудани зоирони эронӣ дар Сомирои Ироқ

Инфиҷорҳои террористӣ дар шаҳри Сомирои Ироқ, дастикам 40 шаҳид ва захмӣ бар ҷо гузошт.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмаёдин, шумори талафоти инфиҷори террористӣ дар шаҳри Сомиро, дар устони Салоҳиддини Ироқ ба 14 шаҳид ва 22 захмӣ расидааст.

Бар асоси ин гузориш, масъулони ҳарами имомон Ҳодӣ ва Аскарӣ –даҳумин ва ёздаҳумин имоми шиаён- гуфтанд, ибтидо як худрави бомбгузорӣ шуда дар поёнаи мусофирини марбут ба зоирон дар Сомиро мунфаҷир шуд ва замоне, ки мардум ба самти маҳали инфиҷор рафтанд бомби дигар дар байни мардум мунфаҷир шуд.

Бештари шуҳадо ва захмиҳо эронӣ ҳастанд.

Бархе манобеи хабарӣ низ гузориш додаанд, пас аз ин ду инфиҷори террористӣ, 5 автобуси зоирон низ мунфаҷир шудааст, аммо ҳануз мушаххас нест, ки ин автобусҳо мусофир доштаанд ё холӣ будаанд.

 

Барчасп