Сентябр 21, 2021 13:08 Asia/Dushanbe

Нахуствазири Лубнон гуфт, барномаи дарёфти кумак барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷрои тағйирот авлавияти давлати мост ва саъй мекунем эътимоди аздастрафтаро бозёбӣ кунем.

Ба гузориши хабарнигори бахши байналмилалии Хабаргузории садо ва симо аз Бейрут, маҷлиси Лубнон ба кабинаи ҳафтодуҳафтуми ин кишвар ба раёсати Наҷиб Миқоти раъйи эътимод дод.

Наҷиб Миқоти дар ҷаласаи раъйи эътимод пас аз таъкид бар ин ки муқобила бо душмани исроилӣ аз усули Лубнон аст, бар талош барои мутаваққиф сохтани раванди фурӯпошии кишвар ва дар муқобил талош барои ҷалби эътимоди мардум таъкид кард.