Шаҳодати асири фаластинӣ бар асари саҳлангории пизишкии режими саҳюнистӣ
Манобеи фаластинӣ аз шаҳодати Ҳусайн Мусолима, асири озодаи фаластинӣ дар бемористоне дар Ромуллоҳ бар асари саҳлангории пизишкии саҳюнистҳо хабар доданд.
Ба гузориши “Фаластиналявм”, кумитаи умури усаро ва озодагони фаластинӣ шомгоҳи чаҳоршанбе аз шаҳодати Ҳусайн Мусолима, асири озодаи фаластинӣ дар пайи вахомати ҳолаш хабар дод.
Бар асоси ин гузориш, ин шаҳиди фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба саратони хун мубтало шуда буд, аммо саҳюнистҳо муддатҳо монеи интиқоли вай ба бемористон шуда буданд.
Мусолима дар ниҳоят моҳи феврали гузашта ба бемористон режими саҳюнистӣ мунтақил гардид ва дар пайи шиддат гирифтани вахомати ҳолаш даҳ рӯз пеш ба бемористоне дар Ромуллоҳ мунтақил шуд.
Ҳусайн Мусолима, асири фаластинӣ дар соли 2002 мелодӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ боздошт ва ба 20 соли ҳабс маҳкум гардид. Вай ҳудуди 19 сол аз даврони асорати худро сипарӣ карда буд.
Гурӯҳҳои фаластинӣ режими саҳюнистиро масъули шаҳодати Мусолима донистанд.
Бештар бихонед:
- Раҳбари муаззами инқилоб: Мавзӯи Фаластин қатъан ба нафъи мардуми Фаластин тамом хоҳад шуд
- Муваффақияти 6 асири фаластинӣ дар фирор аз зиндони фавқи амниятии режими саҳюнистӣ