Неруҳои мусаллаҳи Яман : Устони Албизо ба таври комил озод шуд
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кард,ки устони Албизои ин кишвар ба таври комил аз ишғоли муздӯрони эътилофи саъӯдӣ озод шуд.
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алмаёдин, Яҳё Сареъ-сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман рӯзи панҷшанбе гуфт:Неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман муваффақ шуданд шаҳристонҳои Алсумъа, Мисуро ва бахшҳое аз шаҳристони Мкиросро озод кунанд.
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман тасреҳ кард,ки неруҳои мусаллаҳи Ямани ҳамчунин бо ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ мавозиъи гуруҳи террористии ДИИШ ва Алқоъидаро дар устони Албизо мавриди ҳадаф қарор доданд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.
Ҷангафрӯзиҳои Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст .