Октябр 14, 2021 14:36 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати як ҷавони фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ

Низомиёни саҳюнист як ҷавони фаластиниро ба зарби гулӯла дар ҷануби Ромуллоҳ ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши “Алмаёдин”, низомиёни саҳюнист бомдоди рӯзи панҷшанбе як ҷавони фаластиниро дар пости исту бозрасии Қаландия, воқеъ дар ҷануби Ромуллоҳ ба зарби гулӯла ба шаҳодат расонданд.

Полиси режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ин ҷавони фаластинӣ як низомии саҳюнистро бо мошин пахш кард, ки мунҷар ба захмӣ шудани низомии саҳюнист шуд.

Дар рӯзҳои ахир даргирӣ миёни низомиёни саҳюнист ва фаластиниён дар Каронаи бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ шиддат гирифтааст.

Рӯзи гузашта низ артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ дар ҷараёни даргириҳое, ки дар шаҳрҳои Қудс ва Ромуллоҳ рух дод, ду кӯдакро, ки яке аз онҳо ба зарби гулӯлаи ҷангӣ захмӣ шуда буд, дастгир ва чаҳор фаластинии дигарро боздошт кард.

 

 

Барчасп