Октябр 17, 2021 11:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт бо Сайидҳасан Насруллоҳ

Дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт бо дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидору ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алаҳд, оятуллоҳ Ризои Рамазонӣ, дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт ва ҳайати ҳамроҳ бо Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Бейрут дидору ва гуфтугӯ карданд .
Дар ин дидор дар хусӯси охирин авзоъ ва таҳаввулоти сиёсии Лубнон ва минтақа ва ҳамчунин дар робита бо барнома ва фаъолияти Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт дар марҳилаи оянда баҳсу ройзанӣ шуд .
Бархе аз масъӯлони Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар ин дидор ҳузур доштанд.

 

Барчасп