Яман ҳамчунон ҳадафи ҳамлаҳои Арабистон
Арабистон ҳамчунон ба ҳамлаҳои ҳавои худ дар шаҳрҳои мухталифи Яман идома медиҳад.
Ба гузориши ИРНА, бомбафканҳои саудӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар ду навбат манотиқи маскунии вилояти Санъо, пойтахти Яманро бомбаборон карданд, ки бар асари ин ҳамлаҳо зарарҳои зиёде ба хонаҳои шаҳрвандони яманӣ ворид шуд.
Ҳавопаймоҳои арабистонӣ ҳамчунин манотиқе аз устони Съдаро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор доданд, ки бар асари ин ҳамлаҳо як ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуд.
Саудиҳо шаҳри Таъиз дар ҷануби Яманро низ бомбаборон карданд ва ҳавопаймоҳои ҷосусӣ ва ҷангии Арабистон барои эҷоди ваҳшат миёни сокинон, соатҳо ба парвоз бар фарози ин шаҳр идома доданд.
Аз сӯи дигар, артиш ва неруҳои мардумии Яман низ контроли пойгоҳҳои низомии ал-Маҳруқ дар ҷануби Арабистонро дар даст гирифтанд.
Дар вилояти ҷанубии Асир ҳам артиши Яман як урдугоҳи низомии муздурони арабистониро ҳадаф қарор дод, ки дар ин амалиёт, шумори зиёде аз низомёни арабистонӣ кушта ва маҷрӯҳ шуданд.