Ноябр 07, 2021 12:10 Asia/Dushanbe
  • Поймолсозии оташбас дар Алҳудайда тавассути ҷангандаҳои эътилофи саъӯдӣ

Манобеи расонаӣ аз поймолсозии оташбас дар Алҳудайдаи Яман тавассути ҷангандаҳои эътилофи саъӯдӣ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмасира,ҷангандаҳои эътилофи саъӯдӣ таи шабонарӯзи гузашта 175 бор оташбаси Алҳудайдаи Яманро поймол кардаанд .
Бар асоси ин гузориш аз замони барқарории оташбаси Алҳудайда дар чорчуби тавофуқи  Стокголм , ، Арабистони саъӯдӣ ҳеҷ пойбандӣ ба ин оташбас надоштааст ва алорағми эътирозоти густардаи яманиҳо Созмони Миллал то кунун ҳеҷ иқдомеро барои мутаваққиф сохтани таҷовузгариҳои саъӯдӣ анҷом надодааст.
Афзун бар устони Алҳудайда эътилофи саъӯдӣ устонҳои Саъда ва Маърибро низ ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор дод.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ мунҷар шудааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп