Ноябр 08, 2021 15:05 Asia/Dushanbe

Бомдоди якшанбе се паҳподи инфиҷорӣ ба маҳали сукунати нахуствазири Ироқ ҳамла карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо аз Бағдод, соъати 2:24 дақиқаи бомдоди якшанбе ба вақти маҳаллии Ироқ бино ба гуфта мақомҳои масъӯли амниятии Ироқ се паҳподи ҳуҷумӣ ба маҳали сукунати нахуствазири Ироқ ҳамла карданд.
Дар лаҳзаи ҳамла Мустафо Алкозимӣ дар манзил набуд.
Ба дунболи ин ҳамла гуруҳи расонаии амниятии Ироқ дар баёнияе эълом кард, ки суиқасд ба ҷони Алкозимӣ бо ҳамлаи як паҳподи бомбгузоришуда ба маҳали иқомати вай дар минтақаи сабзи Бағдод бо шикаст рӯбарӯ шудааст .
Нахуствазири Ироқ дар тветте навишт : Ҳолам хуб аст, дар миёни мардум ҳузур дорам ва ҳамаро ба оромишу хештандорӣ даъват мекунам .



Бештар бихонед :

 

Барчасп