Ноябр 10, 2021 12:50 Asia/Dushanbe
  • Нокомии эътилофи Саудӣ дар баробари падофанди ҳавоии Яман

Манобеи низомии яманӣ аз таъсири пешрафти қобили тавваҷуҳи падофанди ҳавоии артиш ва кумитаҳои ин кишвар дар дафъи таҷовузи эътилофи саудӣ ва муздуронаш дар ҷанги Маъриб хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алмаёдин”, Абдулғанӣ Алзубайдӣ, коршиноси низомии яманӣ гуфт: Нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии ин кишвар дар остонаи озодии Маъриб ва дар ҳоли баррасии иқдомоти низомӣ ва умедворӣ ба натиҷабахш будани дархости қабоили яманӣ аз давлати мустаъфӣ барои таслим шудан дар баробари Санъо ҳастанд.

Алзубайдӣ афзуд: Нерӯҳои Санъо бо озодсозии подгони "Уммуррайш" дар Маъриб пешравии қобили таваҷҷӯҳе пайдо кардаанд ва бештари ҷангҷӯёни шаҳрҳои ҷанубии Маъриб низ ба суфуфи артиш ва кумитаҳои мардумӣ барои мубориза бо эътилофи саудӣ пайвастаанд.

Ин коршиноси яманӣ бо баёни ин ки қабоил ва ниҳодҳои мардумӣ ва иҷтимоӣ дар устони Маъриб дар ҳоли эъмоли фишор бар устондори маъриб ҳастанд то ин шаҳрро таҳвили Санъо диҳад, тасреҳ кард,неруҳои Санъо аз як сомонаи дифои ҳавоии қавӣ бархӯрдор ҳастанд, ки метавонад ҳамлаи ҳавопаймоҳои эътилофи саудӣ дар ҷараёни набардро дафъ кунад.

Дар моҳҳои ахир нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман даври ҷадиде аз амалиёти озодсозии устон ва шаҳри Маърибро ба унвони қалби давлати мустаъфии Абдуррабе Мансур Ҳодӣ оғоз кардаанд .

Устони Маъриб ба далели доро будани манобеи ғании нафту газ, аз арзиши иқтисодии болое бархӯрдор аст ва ба гуфтаи коршиносон дар сурати озодсозии комили ин устон, бояд поёни кори давлати мустаъфӣ ва ҳомии он - эътилофи саудӣ дар Яманро эълом кард.

 

Барчасп