Сайид Ҳасан Насруллоҳ: Кишварҳои арабӣ ба пирӯзии Сурия эътироф карданд
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Кишварҳои арабӣ ба пирӯзии Сурия эътироф кардаанд.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи панҷшанбе дар суханоне ба муносибати рӯзи Шаҳид, ин рӯзро бузургтарин зарбаи муқовимати Лубнон ба душмани саҳюнистӣ донист ва бо ишора ба ин ки шуҳадо дар шикасти тарҳи террористии Амрико дар минтақа нақш доштанд ва Ҳизбуллоҳ дар ин ҷанг пирӯз шуд, гуфт: Тайи рӯзҳову ҳафтаҳои гузашта хабарҳое дар бораи тамосҳои раисону сарони араб бо Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия мунташир шуд, ки ин ба манзалаи пазириши пирӯзии Сурия тавассути кишварҳои арабӣ ва эътирофи арабӣ ба шикасти пружае аст, ки кишварҳои арабӣ садҳо миллиард доллар ҳазина карданд.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни ин ки размоишҳои мукаррари режими Исроил дар шимоли Фаластини ишғолӣ низ нишонгари нигаронии режими саҳюнистӣ аз Лубнон аст, гуфт: Ин размоишҳо нишон медиҳад, ки Исроил аз юриши Лубнон ба мустаъмираҳо дар Алҷалил воҳима дорад ва ба ҳамин далел ҳар моҳу ҳар фасл размоиш баргузор мекунад.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ бо ишора ба ин ки дар давраи бедории исломӣ режими Исроил аз давраи муҳити амн барои худ сухан мегуфт, аммо имрӯз нигарон аст, хотирнишон кард: Ин размоиш нишон медиҳад, ки Исроил ба қудрати меҳвари муқовимат бовар дорад.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ ба қудрату сухану қавли роҳбурдии Ҳизбуллоҳ ва муқовимат эътимоди комил дорад, афзуд: Режими Исроил аз тариқи одисозии равобит бо чанд кишвари арабӣ талош мекунад нафас бикашад.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ афзуд: Кишваре, ки бо Исроил одисозӣ кунад, наметавонад амнияти режими Исроилро таъмин кунад.
Дабири кулли ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон бо таъкид бар ин ки ин ҷумбиш ҳанӯз муваффақ нашудааст ба сурати комил Лубнонро аз нуфуз ва ҳижмонии Амрико наҷот диҳад, гуфт: Мо аз сайтараи комили Амрико ҷилавгирӣ кардем ва ба ҳамин далел имрӯз Лубнон тавонистааст бар рӯйи пойҳои худ биистад.
Бештар бихонед: