Ноябр 16, 2021 11:27 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Созмони Миллал хостори ҳалли буҳрони Яман шуд

Намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Яман бар аҳамияти иҷмоъи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар хусуси ҳалли буҳрони Яман такид кард.

Ба гузориши хабаргузори "Анадолу"-и Туркия Ҳонс Грондберг шанбешаб дар дидор бо шайх Ассабоҳ Холид Сабоҳ, нахуствазир ва Аҳмад Носир Муҳаммад Сабоҳ, вазири хориҷаи Кувайт бар ниёзи фаврӣ ба коҳиши танишҳо ва аҳамияти итихози як руйкарди ҷомеъ ва фарогире, ки ба масоили сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии яманиҳо бипардозад, таъкид кард.

Намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Яман бидуни ишора ба тадовуми ҳамалоти ҳавоии этилофи Саъудӣ ба минтақаҳои мухталифи Яман дар хусуси амалиёти низомӣ дар Марабул Ҳудайда ибрози нигаронӣ кард.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар карда аст.

Режими Саъудӣ ва мутаҳидонаш то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистанд ба ҳадафҳои худ дар ин кишвар ва ба қудрат расонидани дастнишондагони худ бирасанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп