Ҷангандаҳои этилофи Саудӣ 34 мартаба Маъриби Яманро бомбаборон карданд
Ҷангандаҳои этилофи Саъудӣ дар идомаи бомбаборони минтақаҳои Яман 34 мартаба вилояти Маърибро ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши шабакаи хабарии "Алмасира" ҷангандаҳои бомбафкани этилофи Саудӣ бомдоди сешанбе 20 март ба ноҳияи Сирвоҳ, ҳафт мартаба ноҳияи Алҷуба ва ҳафт мартаба низ ноҳияи Мидғал дар вилояти Маърибро бомбаборон карданд.
Бар асоси ин гузориш ҷангандаҳои этилофи Саудӣ ҳамчунин чор мартаба ноҳияи Ҳараз, воқеъ дар вилояти Ҳаҷа ва як мартаба низ ноҳияи Мақбана, воқеъ дар вилояти Таизро ҳадаф қарор доданд.
Рӯзи якшанбе низ ҷангандаҳои Саудӣ бо бомбаборони ноҳияи Ҳайси вилояти Алҳудайда се ғайринизомии Яманро куштанд ва ҳафт тани дигаро захмӣ карданд.
Ҳамчунин нерӯҳои вобаста ба этилофи Саудӣ минтақаҳои маскунӣ дар вилояти Байзоро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва тупхонаии худ қарор доданд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар карда аст.
Режими Саудӣ ва мутаҳидонаш то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистанд ба ҳадафҳои худ дар ин кишвар ва ба қудрат расонидани дастнишондагони худ бирасанд.
Бештар бихонед: