Ноябр 21, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 77 кӯдаки фаластинӣ аз оғози соли 2021 то кунун

Ҷумбиши ҷаҳонии дифо аз кӯдакон эълом кард: Аз оғози соли ҷории милодӣ ( 2021 ) то кунун 77 кӯдаки фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Русия алявм, Ҷумбиши ҷаҳонии дифо аз кӯдакон рӯзи якшанбе дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии кӯдак ,таъкид кард: Аз соли 2000 то поёни моҳи октябр ،2 200 кӯдаки фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расидаанд.
Ҷумбиши дифо аз кӯдакон тасреҳ кард: Низомиёни исроилӣ барои муқобила бо фаластиниён барқасдона ба самти фаластиниён шиллик мекунанд; он ҳам дар шароите ки дар қонунҳои байналмиллалӣ ҳеҷ далиле надорад ва истифода аз қудрати низомии ифротӣ ба қоидае барои Исроил табдил шудааст ва ин режим аз раванди дахлнопазирӣ аз муҷозот ва посухгӯ набудан суистифода мекунад .

Дар ин баёния омадааст ба муҷиби қонунҳои байналмиллалӣ наметавон истифода аз қудрати низомии маргборро ҷуз дар шароите, ки ҷони ҳамлакунанда дар хатар бошад ва ё ҳадафи бархурди хатарнок қарор гирифта бошад, асоснок  кард.
Ҷумбиши ҷаҳонии дифо аз кӯдакон аз октябри 2015 то октябри 2021 боздошти 41 кӯдаки фаластиниро дар зиндонҳои Исроил ба мӯҷиби аҳкоми идорӣ сабт кардааст ва чаҳор кӯдаки фаластинӣ ҳамчунон дар боздошти идороӣ ҳастанд .

 

Барчасп