Тазоҳуроти мардуми Баҳрайн дар ҳимоят аз зиндониёни сиёсӣ
(last modified Mon, 22 Nov 2021 05:52:52 GMT )
Ноябр 22, 2021 10:52 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Баҳрайн дар ҳимоят аз зиндониёни сиёсӣ

Мардуми Баҳрайн бо баргузории тазоҳурот озодии зиндониёни сиёсии ин кишварро хостор шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, муътаризони баҳрайнӣ шомгоҳи якшанбе бо дар даст доштани плакатҳое, ки бар рӯйи онҳо дархости озодии фаврии зиндониёни сиёсии ин кишвар аз ҷумла Абдулҷалил Алсиникс, ки беш аз 130 рӯз аст дар гуруснанишинӣ ба сар мебарад, навишта шуда буд, дар хиёбонҳои Манома тазоҳурот карданд .

Дар ҳамин ҳол ҷамъияти Алвифоқи Баҳрайн эълом кард неруҳои амниятии ин кишвар рӯзи якшанбе Алии Муҳанно аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишварро боздошт карданд .
Пас аз бозгушоии сафорати режими саҳюнистӣ дар Баҳрайн манотиқи ин кишвар ҳамвора шоҳиди тазоҳурот алайҳи созиш будааст .
Баҳрайн дар 30 сентябри соли 2020 тавофуқномаи оддисозии равобит бо режими ишғолгари саҳюнистӣ мавсум ба « Тавофуқи Абраҳам »-ро имзо ва расман бо Тел-Авив равобити дипломатӣ барқарор кард .


Бештар бихонед :