Ҷанҷоли имоми ҷамоати собиқи Масҷидулҳаром
Имоми ҷамоати собиқи Масҷидулҳаром бо бозӣ дар як намоҳанг (видео клип) ҷанҷол бапо кард
Ба гузориши "Алқудс-ул-Арабӣ" паз аз қиморбозии ҷанҷолбарангези Одилал Калбони, имоми ҷамоати собиқи Масҷидулҳаром, ӯ инбор бо ҳузур дар як намоҳанги таблиғотӣ дар бораи таблиғи гардишгарӣ дар маҳфилҳои мухталиф ҷанҷол бапо кардааст.
Ин видео ба суръат дар фазои маҷозӣ мунташир шуд ва вокунишҳои мутафовити маҳфилҳои мухталифро ба ҳамроҳ дошта аст.
Бар асоси ин гузориш, Алкабони дар ин видео дар ҳоли таблиғи фаъолиятҳои фасли гардишгарии 2021 –и Риёз аст, ки Турки Оли Шайх ва теъдоди дигар аз чеҳраҳои саршиноси Арабистон низ дар он ҳузур доранд.
Одилал Калбони дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Твитер зери ин видеои таблиғотӣ, ки тавасути Турки Оли Шайх, раиси Созмони умури рифоҳ ва саргармии Арабистон мунташир шуда, навиштааст: Фикр мекунед метавонам ба Голливуд биравам?.
Турки Оли Шайх низ дар посух ба имоми ҷамоати собиқи Масҷидулҳаром овардааст: Содиқона бигӯям, азизам, дар мавриди худам дар ҳар коре пешқадам ҳастам.
Ин клип фаъолияти мавсум ба "Майдони Разм", яке аз фаъолиятҳои фасли гардишгарии Риёзро таблиғ мекунад, ки дар саҳифаи расмии ин барнома мунташир шуд ва дар бораи он навишта шудааст: Касе ки қалбаш муҳкам аст ва ба ҳеҷ чолише не намегӯяд... Майдони Разм ҷои туст... Ҳаяҷон дар ҳар руйдоде пеши руи шумо аст... Омода бошед... Билети худро резерв кунед.
Дар ин клипи таблиғотӣ чеҳраҳои зиёде аз Арабистон ҳузур доранд, ки саҳифаҳои размиро иҷро мекунанд ва аз он ҷумла метавон ба Холид Абдурраҳмон, бозигари саудӣ, Муҳаммад Алдаъиъ, дарвозабони собиқи тими миллии футболи ин кишвар ва Саид Алъувирон, футболисти собиқ ишора кард.
Одил Алкабони низ дар ин клип ба унвони фармондеҳе дар майдони набард дида мешавад, ки сарбозонаш пушти сараш истодаанд.
Одил Алкабони пеш аз ин низ дар ҳоли қиморбозӣ дар маросими ифтитоҳияи аввалин давраи мусобиқоти қиморбозӣ дар Риёз дида шуда буд.
Одил бин Солим Алкабони аз соли 1387 шамсӣ ба дастури подшоҳи вақти Арабистон ба унвони пешнамози Масҷидулҳаром мансуб шуда буд.