Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин: Эрон мудофеи ормони Фаластин аст
(last modified Thu, 25 Nov 2021 06:11:46 GMT )
Ноябр 25, 2021 11:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин: Эрон мудофеи ормони Фаластин аст

Дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин такид кард, Эрон мудофеи ормони Фаластин аст ва ин мавозеи Эрон ҳаргиз тағйир нахоҳад кард.

Зиёд Нахола, дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин зимни такид бар ин ки дифои Эрон аз ормонҳои Фаластин ва душмании он бо режими саҳюнистӣ ҳаргиз тағйир намекунад гуфт: Миллати мазлуми Яман ҳам мудофеи Фаластин ва Муқовимат аст.

Нахола афзуд, муқовимат пас аз набарди Шамшери Қудс (ҷанги 12 рӯза) тавони низомии худро эҳё кард ва бо сохти мустамар ва бумии силоҳ, зарродхонаи таслиҳотии худро тақвият кардааст ва такид мекунад муқовимат паҳподҳоро дар дохили Навори Ғазза тавлид мекунад.

Дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар хусуси тарси режими саҳюнистӣ аз посухи ҷадиди муқовимат ба таҷовузот ва аҳдшиканиҳои ин режим гуфт: Исроил Ғаззаро мисли як бомби соатӣ медонад ва аз ҳаминру талош дорад бо ваъдаи тасҳил ва вуруди коло ба Ғазза ин бомбро хунсо кунад.

Нахола такид кард муқовимат идома дорад ва иртиботе ба замони мушахас ё маҳсур ба маконе монанди Ғазза нест ва бо қудрати низомии худ пас аз набарди Сайфул Қудс қудрати таслиҳотии худро ба таври қобили таваҷҷуҳ тақвият кардааст.

Дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ  неруҳои муборизро дар урдугоҳи Ҷанин ва дигар манотиқи Каронаи Бохтарӣ ба анҷоми таклифи худ ва идомаи муқовимат даъват карду гуфт: Исроил мехоҳад миллати Фаластин таслим шавад ва Қудс ва Каронаи бохтариро таҳти сайтараи худ дошта бошад.

Ҷанги Исроил бар зидди Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза (набарди Шамшери Қудс) аз рӯзи 10 май оғоз шуд ва рӯзи 21 май дар пайи дархости оташбас аз сӯи кабинаи режими саҳюнистӣ ба далели нотавонии артиши ин режим дар муқобила бо неруҳои муқовимати Фаластин ва миёнҷигарии бархе бозигарони хориҷӣ ба поён расид.