Ноябр 28, 2021 12:36 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи ҲАМОС дар маҳкумияти ҳампаймонии Марокаш бо саҳюнистҳо

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( ҲАМОС) имзои тавофуқҳои гуногун ва ба хусус тавофуқи низомӣ-амниятӣ миёни Марокаш ва режими саҳюнистиро маҳкум кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмаёдин, ҷумбиши ҲАМОС шанбешаб бо баёни инки иқдоми Марокаш дар имзои тавофуқҳои гуногун бо режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ унвон қобили асоснок кардан нест, гуфт: Работ аз иштибоҳи бузурги иқдом алайҳи миллати Фаластин ва кишварҳои арабӣ ақабнишинӣ кунад .
Ҷумбиши ҲАМОС тасреҳ кард: Иқдоми Марокаш дар имзои тавофуқнома бо режими саҳюнистӣ бо ҳар ҳадафу баҳонае қобили тавҷеҳ нест ва манофеи роҳбурдии уммати арабӣ, ки Марокаш ҳам бахше аз он аст, аз тариқи ҳампаймонӣ бо душман муҳаққиқ намешавад . Ин ҷумбиши фаластинӣ афзуд: Ҷойгоҳи торихии Марокаш ва нақши мардуми он дар қиболи Фаластин бо оддисозии равобит ва ҳампаймонӣ бо душман ҳамхонӣ надорад .
Ҳамос ҳамчунин истиқболи Марокаш аз Бини Гантс- вазири ҷанги режими саҳюнистиро маҳкум кард ва гуфтизбонии Работ аз ҷинояткори ҷангӣ иштибоҳи бузурге дар ҳаққи миллати Фаластин ва ормони барҳаққи он буд .
Ин ҷумбиш аз Марокаш хост фавран аз оддисозӣ равобит бо Тел-Авив ақибнишинӣ карда ва равобиташро бо режими саҳюнистӣ қатъ кунад .
Марокаш ва режими саҳюнистӣ чаҳоршанбеи гузашта дар ҷараёни сафари Бини Гантс-вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба Марокаш тавофуқномаи ҳамкории амниятӣ имзо карданд .

 

Барчасп