Декабр 04, 2021 14:34 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ: Фаронса дар ҷиноятҳои  ҷангии Яман даст дорад

Узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар вокуниш ба сафари раисҷумҳури Фаронса ба Арабистони Саудӣ гуфт, Фаронса дар ҷиноятҳои ҷангии Яман даст дорад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадалӣ Ал Ҳавсӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман рӯзи ҷумъа дар "Твиттер" навишт,  иқдоми Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса,  ки бо сафар ба Арабистон муртакиби куштори шаҳрвандон ва кӯдакон дар устони Таъизи Яман шуд,маҳкум мекунем.

Вай дар идома навишт: Дархостҳои Макрон аз кишварҳои аврупоӣ барои  идома додани фӯруши силоҳ ба кишварҳои эътилофи  мутаҷовиз, ки худи вай ҳам дар он эътилоф мушорикат дорад, иртикоби   ҷинояти ҷангӣ дар Яман аст.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар оғози сафари  ду рӯзаи худ ба кишварҳои ҳавзаи ҷанубии Халиҷи Форс рӯзи ҷӯмъа бо Муҳаммад бин Зоид, валиаҳди Аморот дар Дубай дидор кард.

Раисҷумҳури Фаронса ва  валиаҳди Аморот дар ин дидор, қарордоде ба арзиши 14 миллиард евра барои фӯруши ҳаштод ҳавопаймои ҷангандаи сохти Фаронса  ба Аморат имзо карданд.

Макрон дар сафар ба Ҷаддаи Арабистон низ қарордодҳои мушобеҳро бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ имзо мекунад, Арабистон ва Иморот аз силоҳои  ғарбӣ, аз ҷумла фаронсавӣ барои куштори мардуми мазлуми Яман истифода мекунанд. 

 

Бештар бихонед:

Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад 

 

Барчасп