Артиши Яман як паҳбоди ҷосӯсии Амрикоро сарнагун кард
(last modified Sat, 04 Dec 2021 09:53:27 GMT )
Декабр 04, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Артиши Яман як паҳбоди ҷосӯсии Амрикоро сарнагун кард

Артиши Яман эълом кард, нерӯҳои ин кишвар тавонистанд як паҳбоди ҷосӯсии сохти Амрикоро ҳангоми анҷоми амалиёти хасмона сарнагун кунанд.

Яҳё Сареъ, сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман субҳи имрӯз гуфт, падофанди ҳавоии ин кишвар як паҳподи ҷосусии сохти Амрико аз навъи "Scan Eagle"-ро ҳангоми анҷоми амалиёти хасмона дар ҳарими устони Маариб сарнагун кард.

Сареъ афзуд, ин амалиёт бо як силоҳи муносиб анҷом шудааст ва паҳбоди мазкур ҳафтумин паҳбод аз навъи пешрафта аст, ки падофандҳи ҳавоии Яман аз аввали соли ҷорӣ мувафақ ба сарнагунии онҳо шудааст.

Артиши Яман дар ҳафтаҳои гузашта аз сарнагунии чанд паҳбоди Эътилофи саудӣ дар манотиқи мухталиф аз Яман хабар додааст.

Ҷангафрузиҳои Арабистон ва мутаҳидонаш дар Яман аз марти 2015 то кунун ба кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон беш аз 85 дарсад аз зерсохтҳои Яманро аз байн бурд ва ин кишварро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ рӯбарӯ кардааст.

 

Бештар бихонед: