Декабр 05, 2021 11:48 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи ибтикории Саъудӣ дар бораи сулҳи Яман ғайривоқеъӣ аст

Узви Шӯрои олии сиёсии Яман тарҳи ибтикории Саъудӣ дар бораи сулҳи Яманро дар ҳадди як тарҳи аввалия ва ибтидоӣ хонд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадалӣ Алҳавсӣ-узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар ҳисоби корбарии худ дар Тветтер навишт: Тарҳи ибтикорӣ ироашуда аз тарафи давлати Наҷоти миллӣ барои миллати Яман буд, на натиҷаи гуфтугуҳои аввалия ва иктишофӣ бо кишвари Арабистон, ки байни нотавониҳову нокомиҳояш аз як сӯ ва хостаҳои ғайривоқеъии худ аз сӯи дигар дасту по мезанад .
Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Алҳавсӣ ончӣ дар Маъариб иттифоқ афтодааст, натиҷаи эҳсоси аҳамияти таваққуфи таҷовуз, рафъи муҳосира ва дар назар гирифтани манофеи мардум аст ва донистани инки ҷанги Яман барои Арабистон вайронгар аст .
Аз сӯи дигар манобеи яманӣ аз дафъи ҳамалоти густардаи эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ ба ҷануби Ҳис дар устони Алҳудайда хабар доданд .
Бар асоси ин гузориш муздӯрони вобаста ба эътилофи Саъудӣ ба муддати чандин соъат бо неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман даргир буданд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп