Ҳалокати даҳҳо муздури вобаста ба Риёз дар Маъриби Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i78068-Ҳалокати_даҳҳо_муздури_вобаста_ба_Риёз_дар_Маъриби_Яман
Манобеи хабарии низомӣ аз камини неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман алайҳи муздурони вобаста ба эътилофи мутаҷовизи Саъӯдӣ - Аморотӣ дар шарқи шаҳри роҳбурдии Маъриб хабар доданд .
(last modified 2026-05-23T15:56:08+00:00 )
Декабр 12, 2021 07:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати даҳҳо муздури вобаста ба Риёз дар Маъриби Яман

Манобеи хабарии низомӣ аз камини неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман алайҳи муздурони вобаста ба эътилофи мутаҷовизи Саъӯдӣ - Аморотӣ дар шарқи шаҳри роҳбурдии Маъриб хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Албавобия ал-ахбория ал-Ямания” дар ҷараёни ин камин, ки шанбешаб атрофи минтақаи Кари дар Маъриб анҷом шуд, даҳҳо нафар аз неруҳои вобаста ба давлати мустаъфӣ ва ҳизби ихвонии « Ал-ислоҳ » кушта ва захмӣ шуданд .
Манобеи яманӣ эълом карданд неруҳои давлати мустаъфӣ қасд доштанд аз муздурони ҳозир дар минтақаи Кари ҳимоят кунанд, ки дар доми камини неруҳои яманӣ афтоданд .
Ин рӯзҳо даргирии шадиде байни неруҳои яманӣ ва муздурони вобаста ба эътилоф дар қалби шаҳри « Води убайда » дар Маъриб дар ҷараён аст ва нируҳои яманӣ муваффақ шуданд минтақаи Кариро озод кунанд .

Сухангӯии неруҳои мусаллаҳи Яман : арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Ямани танг тар мешавад
Води убайда,дарвозаи шарқии вуруд ба шаҳри Маъриб ва охирин гузаргоҳи муздурони вобаста ба эътилоф дар ин шаҳр аст . Неруҳои яманӣ қасд доранд бо озодсозии ин минтақа аз чаҳор меҳвар  муҳосираи низомии Маърибро комил кунанд . Шаҳри Маъриб аз се тараф муҳосира шудааст .
Манобеи маҳаллӣ низ эълом карданд  неруҳои яманӣ муваффақ шуданд амниятро дар силсила куҳи Балқ таъмин кунанд ва ҳамчунон дар ҳоли пешравӣ дар ҷабҳаҳои ҷанубу шарқии Маъриб ҳастанд .