Идомаи нақзи оташ дар Алҳудайдаи Яман тавассути эътилофи саъудӣ
(last modified Mon, 13 Dec 2021 12:35:01 GMT )
Декабр 13, 2021 17:35 Asia/Dushanbe
  • Идомаи нақзи оташ дар Алҳудайдаи Яман тавассути эътилофи саъудӣ

Неруҳои мутаҷовизи саъудӣ дар шабонарӯзи гузашта 155 бор оташбас дар устони Алҳудайда ( ғарби Яман )-ро поймол карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмасира, ин нақзи оташбас шомили ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба минтақаи Алсалиф, 5 ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷосусӣ ба Ҳис ва Алҷабилия ва ҳамчунин парвози мукаррари ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва ҷосусӣ ва гулӯлаборони Алҳудайда аст .
Гуруҳҳои яманӣ дар ҷараёни музокироти 13 декабри 2018 дар Стокголми Шветсия тавофуқи оташбас дар Алҳудайдаро имзо карданд, аммо неруҳои эътилофи саъӯдӣ аз он замон ба сурати мураттаби ин оташбасро нақз карда ва дар ҳоли ҳадаф қарор додани ғайринизомиён дар ин устон ҳастанд .

Давлати мустаъфии Яман : Имороти омил бе саботии вноомнӣ дар ҷануб Яманаст
Пештар муздурони аморотӣ, ки дар бахшҳое аз Алҳудайда буданд, маҷбур ба ақибнишинӣ дар баробари кумитаҳои мардумии Яман шуданд, ки аз он замон ҳамалоти оли Сауд ба ин устон ташдид шудааст .Ҷангафрӯзиҳои Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин беш аз 85 дарсади зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишвар бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст .