Декабр 16, 2021 16:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос тавони ҳадаф қарордодани тамоми арозии ишғолиро дорад

Яке аз аъзои Ҳамос таъкид кард, ин ҷумбиш аз назари тавонмандӣ дар ҳадде аст, ки метавонад ҳар минтақае аз арозии ишғолиро таҳдид кунад.

Ба гузориши Ал Масира, Маҳмуд ал Заҳор, аз аъзои барҷастаи ҷумбиши Ҳамос дар суханоне изҳор кард, набард бо душмани саҳюнистӣ идома дорад ва размоиши имрӯз нишон аз омодагии ин ҷумбиш барои рӯёрӯӣ бо душмани ишғолгар ва баёнгари роҳбурди Фаластин барои дифо аз Қудс ва Масҷидулақсо аст.

Вай афзуд, кабинаи ҷадиди душмани саҳюнистӣ бо ҳадафи ҷалби тавваҷуҳи дохилӣ, дар пайи он аст то вонамуд кунад дар баробари фаластиниён сиёсати сахтгиронатаре дорад.

Ин узви Ҳамос бо интиқод аз кишварҳое, ки равобиташонро бо режими саҳюнистӣ одӣ карданд, тасреҳ кард, сиёсатҳои ин режим ба гӯнае аст, ки ҳатто метавонад ба кишварҳое, ки дар канори фаластиниён қарор доранд, осеб бирасонад.

Чаҳор кишвари арабии Иморот, Баҳрайн, Мағриб ва Сӯдон дар соли 2020 тавофуқномаҳое барои оддӣ кардани равобити худ бо режими саҳюнистӣ имзо карданд, ки бо мавҷе аз мухолифатҳо дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ мувоҷеҳ шуд.

 

Барчасп