Таҳлил : 4 далели муҳими коршикании Исроил дар музокироти Вена
Дар рӯзҳои ахир борҳо аз коршикании режими Исроил дар фароянди музокироти Вена миёни Эрон ва 4 + 1 сухан ба миён омад .
Алии Боқирӣ Канӣ, музокиракунандаи баландпояи муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони сариҳан эълом кард : « Саҳюнистҳо талош доранд, ки фазои хориҷ аз утоқи музокираро тахриб кунанд ва бар фазои дохили музокирот таъсир бигузоранд . »
Савол ин аст, ки чаро саҳюнистҳо талош доранд фазои музокироти Венаро тахриб кунанд ва монеъи натиҷабахш будани ин музокирот шаванд?
Аввалин далел ин аст ки Исроил дар солҳои ахир талоши бисёре анҷом дод то тавофуқи ҳастаӣ бо шикаст мувоҷеҳ шавад . Исроил дар хурӯҷи давлати собиқи Амрико аз Барҷом нақши пурранге доштааст . Бинобарин имрӯз эҳёи Барҷом як шикаст барои сиёсати хориҷии режими Исроил маҳсӯб мешавад .
Далели дигар ба навъи робитаи Исроилу Ҷумҳурии исломии Эрон боз мегардад . Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаргизи режими Исроилро ба расмият нашинохта ва онро бозигари номашруъу режими сохтагӣ дар минтақа медонад . Боқирии Канӣ низ дар изҳороти худ дар бораи мудохилаи Исроил дар музокироти Вена аз « ҳуввияти номашрӯъ » истифода кард ва гуфт : « Ҳуввиятҳои номашруъе, ки дар хориҷ аз утоқи музокирот ҳузур доранд, талош мекунанд, ки фазои беруни утоқи музокиротро ғуборолуд ва тахриб кунанд . »
Бинобарин режими саҳюнистӣ Ҷумҳурии исломии Эронро муҳимтарин душмани худ медонад ва дар айни ҳол худро барои муқобила бо Ҷумҳурии исломӣ нотавон мебинад . Аз ин рӯ бар ин бовар аст, ки ҳар чӣ фишорҳои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон бештар ва шадидтар бошад, манофеи ин режим низ бештар таъмин мешавад .
Далели муҳими дигар нигаронии режими Исроил аз улгӯ шудани Эрон барои миллатҳои минтақа аст . Мақомоти саҳюнистӣ, ки дар дохили арозии ишғолӣ бо буҳронҳои гуногун мувоҷеҳ ҳастанд, муътақиданд кам шудан фишорҳои хориҷӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бахусӯс фароҳам шудани имкони фурӯши нафту интиқоли арз метавонад ба тавсеъаи иқтисодии Эрон мунҷар шавад . Аз сӯе Ҷумҳурии исломии Эрон дар 43 соли гузашта ҳамвора бар истиқлол дар сиёсати хориҷӣ, мухолифат бо мудохилаи қудратҳои хориҷӣ дар умӯри минтақа ва тақвияти гуруҳҳои муқовимат дар муқобили режими саҳюнистӣ таъкид кардааст . Дар сӯрате ки Эрон битавонад ба тавсеъаи иқтисодӣ низ даст пайдо кунад, метавонад ба улгӯе барои миллатҳои минтақа табдил шавад мабнӣ бар инки метавон бидуни вобастагӣ ва бо ҳуввияти исломӣ ба тавсеъаву пешрафт расид . Ин мавзӯе аст, ки дар тазод бо манофеи режими саҳюнистӣ қарор дорад .
Дар ҳамин росто нашрияи Israel Hayom навишт : « Давлати Беннети мухолифи сарсахти ҳар навъ лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон аст ва онро иқдоми бад медонад . »
Омили муҳими дигар ин аст, ки режими саҳюнистӣ бовар дорад костан аз фишорҳои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон метавонад бар мавқеъияти минтақаии Эрон низ асар бигузорад . Ба иборати дигар Исроил муътақидаст дар ҳоле ки Эрон бо фишорҳои ҳамаҷониба низ муваффақ шуд мавқеъияти минтақаии худу муттаҳидонашро таҳким бахшад ,коҳиши фишорҳои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон ба маротиб ба тақвияти мавқеъияти Теҳрон дар минтақаи ғарби Осиё мунҷар хоҳад шуд, зеро дағдағаҳои дохилии Эрон коҳиш пайдо мекунад .
Рӯзномаи исроилии The Jerusalem Post навишт : « Тарси воқеии Исроил аз тавофуқи Амрико бо Эрон ба ин далел аст, ки мумкин аст ба хурӯҷи Амрико аз Ховари Миёна ва тақвияти мавқеъияти минтақаии Эрон мунҷар шавад . »
Ба иборати дигар Исроил роҳи ҷилавгирӣ аз барҳам хӯрдани мувозинаи қудрат дар минтақа ба нафъи Эронро дар ҳузури Амрико дар минтақа ва тадовуми фишорҳои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон мебенад .
Бо тавваҷуҳ ба ин далоил бояд гуфт агарчӣ Исроил бозигари пои мизи музокироти Вена нест, аммо муҳимтарин бозигари пинҳонӣ бо моҳияти тахрибӣ дар ин музокирот аст, ки ошкоро аз шикасти музокирот ҳимоят мекунад .
Бештар бихонед :