Тафсир :Оғози кори музокироти низомиёни Туркия бо Сурия
Як даҳа пас аз руйи кор омадани Ҳизби адолат ва тавсиъа ва замоне ки ин ҳизб ба раёсатӣ" Раҷаб Тайиб Ардуғон"зимоми умури Туркияро ба даст гирифт, руйдодҳои муҳимме дар арсаҳои дохилӣ ва минтақаии Туркия рух дод.
Дар бахши сиёсати хориҷӣ , аз соли 2012 милодӣ моҷароҷӯйиҳои Туркия дар мантақа оғоз шуд,ба тавре ,ки хутути марзҳои Туркия бо кишварҳои ҳамсоя ҳамвора ба самти ташаннуҷ ва танишҳои ҳарчи бештар пеш рафтааст.
Ин дар ҳоле аст ,ки руасои Ҳизби ҳокими адолат ва тавсиъаи Туркия ибтидо ба иттихози сиёсати"таниши сифр бо ҳамсоягон" қудрати сиёсиро дар Туркия дар ихтиёр гирифтанд.
Ҷудо аз сиёсатҳои моҷароҷӯёнаи шахсии "Раҷаб Тайиб Ардуғон" раиси Ҷумҳурии Туркия ,ин ҳақиқатро набояд нодида гирифт,аз замоне ки Ҳизби адолат тавсиъа маҷбур шуд бо Ҳизби миллии Туркия ба раёсати "Давлат Боғчали" сиёсатмадори тундху ва миллигарои турк эътилофи мавсумба "Ҷумҳур"-ро таъсис кунанд,Ҳизби адолат ва тавсиъа дар амал қудрати сиёсиро ба Ҳизби ҳаракати миллӣ вогузор кардааст. Бо ин тафоввут ,ки сиёсатҳои мавриди назари Ҳизби ҳаракати миллии Туркия тавассути Раҷаб Тайиб Ардуғон сиёсатмадори исломгарои Туркия дар сатҳи минтақа иҷро мешавад.
Дар ҳақиқат ,эътилофи иштибоҳи Раҷаб Тайиб Ардуғон бо давлати Боғчали , натанҳо заминаҳои резиши аъзои Ҳизби ҳокими Туркияро дар пай дошт, балки бисёрие аз пойгоҳҳои мардумии ин Ҳизби қудратманд дар дохили Туркия аз даст рафтааст.
Юриши низомии Туркия дар Сурия ва Ироқ , лашкаркашӣ ба Қафқози ҷунубӣ ва Либӣ ва ташдиди таниш бо Юнон ва ҷазираи Қибрис алалхусус дар бахши нафт ва газ дар баҳри Миёназамин ,ҳамаги аз ҷумла сиёсатҳои мавриди назари Ҳизби ҳаракати миллии Туркия аст.ки ба назар мерасад ба давлати Раҷаб Тайиб Ардуғон таҳмил мешаванд. Дар айни ҳол, сиёсатҳои моҷароҷӯёнаи шахсии Раҷаб Тайиб Ардуғон муҷиб шудааст,ки давлати Онкоро аз замони ба қудрат расидан дар соли 2002 мелодӣ талоши мазоъафе ба амал оварад то нишон диҳад,Туркия кишвари мустақил аст ва ба қудратҳои минтақаӣ ва ҷахонӣ ҳеҷ гуна вобастагӣ надорад .
Ҳамин омил муҷиб шуд ,ки дар пайи ишғоли Сурия тавассути Амрико ва бархе аз давлатҳои аврупоӣ ,Туркия низ ба лашкаркашӣ ба Сурия ва тарҳи идаъоҳои арзӣ ва таърихӣ алайҳи ин кишвар иқдом кунад.Бо вуҷуд он ,ки руасои аҳзоби мухолиф дар чанд соли гузашта ҳамвора аз давлати Ардуғон хоста бунанд ба ҷои ишғоли Эърози Сурия ба гуфтугу ва музокира бо мақомҳои давлати Дамишқ иқдом кунад, мақомдорони Онкоро ба хостаҳои аҳзоби мухолиф аҳамият намедоданд.
Дар ҳақиқат, мақомҳои Туркия метавонистанд Эърози Сурияро ишғол накунанд ва бо ин ки аз тавсияҳои аҳзоби мухолиф , бидуни ҷанг ва хунрези аз ин кишвар хориҷ шаванд.Аммо ба назар мерасад мақомҳои Онкоро монанди ҳамеша каме дер ба натиҷа марасанд ,ки музокира беҳтар аз ҷанг аст.
Минтақаҳои таҳти назорати Сурияи демократи "Қасад" ва эътилофи байналмиллалӣ ва ҳамчунин фаъолсозии тавофуқномаи "Одоно" миёни Сурия ва Туркия аз мавзуъоти аслӣ ва муҳими матраҳшуда дар музокироти ҷории ду кишар маҳсуб мешавад.
Низомиёни Туркия ибтидо ба баҳонаи мубориза бо Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (Б.К.К.) ки аз нигоҳи давлати Онкоро як ҳизби террористи аст, ба Сурия шуриш бурданд. Дар шароите, ки давлати Башор Асад ба далели дахолатҳои Амрико ва муттаҳидонаш қудрати муқобила бо душманони Сурияро надошт, низомиёни турк бахшҳое аз минтақаҳои шимол ва шимолу шарқи Туркияро ба ишғоли худ дароварданд.Таҷовузи артиши Туркия ба шимоли Сурия бо маҳкумияти мардум ва давлади Сурия ва ҳамчунин ҷомеъаи ҷаҳонӣ мавоҷеҳ шудааст.