Январ 02, 2022 16:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шимолу ҷануби навори Ғазза

Режими саҳюнистӣ ба шимолу ҷануби навори Ғазза ҳамла кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Сафо, чархболҳои таҳоҷумии режими саҳюнистӣ ба як нуқтаи дидбонӣ дар шарқи Ҷиболё, шимоли навори Ғазза мушак партоб карданд .
Расонаҳои арабӣ низ бомдоди якшанбе аз шунида шудани садои инфиҷор дар шимоли навори Ғазза хабар дода ва эълом карданд чархгболҳои таҳоҷумии режими саҳюнистӣ ҳадди ақал се мӯшак ба сохтмонҳое дар шимоли навори Ғазза шиллек кардаанд .
Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ иддао кард садои инфиҷор бар асари шиллеки мунаввар ба шимоли Ғазза будааст .
Режими саҳюнистӣ аз декабри 2017 даври ҷадиди ҳамалоти ҳавоӣ ба борикаи Ғаззаро дар дастури кори худ қарор додааст .
Дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза то кунун ҳазорон фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд .
Борикаи Ғазза аз соли 2006 дар муҳосираи заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрии Исроил қарор дорад ва сокинони ин борика бо мушкилоти бисёре рӯбарӯ ҳастанд .

 

Барчасп