Январ 03, 2022 22:18 Asia/Dushanbe
  • Таътилии бархе аз устонҳои Ироқ ба муносибати солрӯзи шаҳодати сардорони муқовимат

Теъдоди аз устонҳои Ироқ ба муносибати дуввумин солрӯзи шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис таътили умумӣ эълом карданд.

Ба гузориши пойгоҳи Шафақ нюз, масъулони маҳаллӣ дар устонҳои Бағдод, Басра, Бобул, Зиқор, Восит, Диёла, Карбало, Наҷаф, Алмусанно ва Алидвония эълом карданд, имрӯз душанбе ба муносибати дувумин солрӯзи шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис муъовини созмони басиҷи мардумии Ироқ "Ал-Ҳашду Шаъбӣ" фаъолияти идорот ва ниҳодҳо дар ин устонҳо таътил аст.

Ҳамчуин қарор аст дар Баъқуба воқеъ дар устони Диёла таҷамуъи мардумии бузурге ба муносибати бузургдошти шаҳидон ва таъкид бар мазӯъи миллӣ дар бораи маҳкумияти ҷинояти Амрико ва лузуми поёни ҳузури ин кишвар дар Ироқ баргузор шавад.

Ҷобир Алмаъмурӣ, узви эътилофи Алфатҳи Ироқ эълом кард, ин таҷамӯъ паёме аз сӯи тамоми сокинони Диёла дар бораи маҳкумияти ҷинояти Амрико ва зинда нигаҳ доштани ёди шаҳидон аст.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки 3 январи 2020 ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис муъовини Созмони басиҷи мардумии Иро "Ал-Ҳашду Шаъбӣ" ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп