Шайх Ал-Хазъалӣ: Мо метавонем амрикоиҳоро аз кишвари худ берун кунем
Дабири кулли Ҷумбиши Асоибу аҳлалҳақи Ироқ хитоб ба низомиёни амрикоии мустақар дар кишвараш гуфт: Мо метавонем шуморо аз кишвар берун кунем ва дар ҳар маконе, ки аз Ироқ ҳузур дошта бошед, ба шумо бирасем.
Қайс Ал-Хазъалӣ, дабири кулли Асоибу аҳлалҳақи Ироқ гуфт, қонуни асосии ин кишвар иқомати нерӯҳои хориҷиро мамнуъ кардааст ва агар давлат ба неруҳои амрикоӣ иҷозаи ҳузур дар Ироқро бидиҳад, бояд дар қиболи он посухгӯ бошад.
Ал-Хазъалӣ дар идома бо баёни ин ки Басра, зодгоҳи шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис аст, изҳор кард, Басра бояд маркази Алҳашдушшъбӣ (неруҳои басиҷи мардумии Ироқ) бошад.
Мардум ва гуруҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи неруҳои терруристи Амрико аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳеро дар бораи хуруҷи ин неруҳо то поёни соли 2021 тасвиб карда буд.
Бештар бихонед: