Январ 10, 2022 17:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафҳои воқеъии сафари Маҳмуд Аббос ба Миср

Як рузномаи лубнонӣ навишт Маҳмуд Аббос ба манзури наҷоти Ташкилоти худгардон аз фурупошӣ ба Миср рафт, то даст бо домани раиси ҷумҳурии ин кишвар шавад.

Ба гузориши радиои тоиҷикии Садои Хуросон, Маҳмуд Аббос раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ба Миср сафар кард.

Рузномаи Алахбори Лубнон дар гузорише дар сафари Маҳмуд Аббос ба Миср ишора кард ва навишт: Ҳадафи Аббос аз ин сафар он аст, ки Абдулфатоҳ Ассисӣ, раиси Ҷумҳурии Мисрро дар ҷараёни натоиҷи дидори худ бо Бани Гонтез вазири ҷанги режими саҳюнисти қарор диҳад.

Маҳмуд Аббос ду ҳафтаи пеш дар манзили шахсии Гонтез бо вай дидор кард ва бар асоси гузоришҳо меҳвари ин дидор мавзуъоти амниятӣ ва иқтисодӣ будааст.

Бар асоси гузориши Алахбор, Абумозин ҳамчунин аз Ассисӣ хоҳад хост аз манофеъи Ташкилоти худгардон ба манзури пешгирӣ аз фурупошии он дар сояи ташдиди буҳрони иқтисодӣ ҳимоят кунад.

 

Барчасп