Идомаи бомбаборони ҳавоии Яман тавассути ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ
(last modified Sat, 15 Jan 2022 10:24:16 GMT )
Январ 15, 2022 15:24 Asia/Dushanbe
  • Идомаи бомбаборони ҳавоии Яман тавассути ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ

Манобеи хабарӣ аз бомбаборони манотиқи мухталифи Яман тавассути ҷангандаи бомбафканҳои Эътилофи саудӣ хабар доданд.

Ба гузориши Ал Майсара, бомбафканҳои Эътилофи саудӣ 27 бор шаҳристонҳои мухталифи устони Маариби Яманро бомбаборон карданд.

Бар асоси ин гузориш, ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ себор манотиқе дар устони Шабваҳ, 2 бори устони Ал Ҷавф, як бор устони Саъда ва як бор низ устони Ал Байзоро ҳадаф қарор доданд.

Дар ҳамалоти тӯпхонаии нерӯҳои вобаста ба Эътилофи саудӣ ба манозили ғайринизомиён дар устони Таъиз, як ғайринизомии яманӣ захмӣ шуд.

Нерӯҳои вобаста ба Эътилофи саудӣ дар 24 соати гузашта, 95 бор оташбаси иддаоӣ дар устони Ал Ҳудайдаро нақз карданд.

Ҷангиафрӯзиҳои Арабистону муттаҳидонаш аз марти 2015 дар Яман, токунӯн ба кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллионнафар мунҷар шудааст.

Дар пайи ҳамалоти Эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба Яман, беш аз 85 аз дарсади зерсохтҳои Яман тахриб шуда ва ин кишварро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

Бештар бихонед: