Январ 15, 2022 19:50 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо аз афзоиши теъдоди эъдомиҳо дар Арабистони Саъудӣ

Созмони ҳуқуқии "Санад" эълом кард теъдоди эъдомҳо дар Арабистони Саъудӣ дар соли гузашта нисбат ба соли 2020, 147 дарсад афзоиш дошта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алъолам, созмони ҳуқуқии "Санад" зимни эъломи ин хабар таъкид кард, нигарониҳо дар бораи вуҷуди эъдомҳое, ки мақомоти Саъудӣ онҳоро пинҳон мекунанд, бо таваҷҷуҳ ба набуди адолатхоҳӣ ва шафофият дар дастгоҳҳои қазоии ин кишвар ва иқдомоти зидди қонуни, ки ҳамчунон зидди зиндониёни ақидати идома дорад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши ин созмони ҳуқуқӣ, афзоиши теъдоди эъдомҳо дар Арабистони Саъудӣ дар соли гузашта тарафҳои ҳуқуқиро бар он дошт то барои ифшои теъдоди ваҳшатноки эъдомҳо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли 2020 иқдом кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки созмонҳои ҳуқуқӣ байналмиллалӣ аз ҷумла созмони дидабони ҳуқуқи башар борҳо эъдомҳо дар Арабистони Саъудиро маҳкум ва бар зарурияти поёни саркуб ва иттиҳомоти беасос зидди мардум дар ин кишвар таъкид карданд.

Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, режими Саъудӣ ҳамчунон бо нодида гирифтани ҳушдорҳои байналмиллалӣ дар бораи иқдомоти саркубгарона ва аз байн бурдани озодии хабарнигорон дар ин кишвар идома медиҳад.

Арабистони Саъуди бо боздошти 14 хабарнигор, ахиран дар радаи ҳаштуми бадтарин кишварҳои ҷаҳон дар заминаи боздошти хабарнигорон қарор гирифта аст.

Арабистони Саъуди ҳамчунин яке аз панҷ кишваре ба шумор меояд, ки болотарин хабарнигорони боздошт шударо то аввали декабри соли гузашта дошта аст. Чаро, ки 31 хабарнигорро аз замони оғози боздоштҳои беҳадаф дар ин кишвар боздошт карда аст.

 

Барчасп