Январ 16, 2022 10:36 Asia/Dushanbe
  • Пойгоҳи Амрико дар Сурия ҳадаф қарор гирифт

Пойгоҳи низомиёни Амрико дар устони Дайруз-зур-воқеъ дар шарқи Сурия ҳадаф чанд ракета қарор гирифт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории Анатолия гузориш дод : Чанд ракета наздики майдони нафтии Алумар, ки низомиёни амрикоӣ аз он ба унвони пойгоҳ истифода мекунанд, бархурд карду боиси оташсӯзӣ шуд.
Ин манобеъ афзуданд, ки неруҳои Амрико мустақар дар ин майдон оташро хомӯш карданд ва дар вокуниш ба ин ҳамла маҳали шиллеки ракетаҳоро ҳадаф қарор доданд .
То ин лаҳза гузорише дар бораи талафоти эҳтимолии ин ҳамла мухобира нашудааст.
Дар паи ин ҳамла ҳавопаймоҳои бидӯни сарнишини Амрико бар фарози майдони нафтӣ ба парвоз дар омаданд.

 

Барчасп