Ақибнишинии Исроил аз иҷрои қонуни пешгирӣ аз пахши азон дар Қудс
(last modified Wed, 16 Nov 2016 13:04:35 GMT )
Ноябр 16, 2016 18:04 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Исроил аз иҷрои қонуни пешгирӣ аз пахши азон дар Қудс

Бо афзоиши эътирози Фаластиниҳо, Кнессет (парлумон)-и режими саҳюнистӣ расидагӣ ба қонуни ҷилавгирӣ аз пахши азон дар масоҷиди Қудсро ба таъхир андохт.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, дар пайи афзоиши эътирози мардум ва масъулони фаластинӣ, Кнессет (парлумон)-и режими саҳюнистӣ баррасии қонуни манъи пахши азон аз масоҷиди Қудсро ба таъхир андохт.

Ин дар ҳоле аст, ки дар поёни рӯзи гузашта (сешанбе), тамосҳо ва ройзаниҳои миёни намояндагони араб ва дигар аъзои Кнессети режими саҳюнистӣ, ки мавзеи муҳофизакоронатар дар баробари ин қонун доштанд, сурат гирифта буд.

Имрӯз қарор буд, ин қонун дар саҳни Кнессет баррасӣ шавад.

Кобинаи режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе 13 ноябр мувофиқати худро бо қонуни нажодпарастонаи ҷилавгирӣ аз пахши азон аз масоҷиди Қудсро эълом карда буд. Дар пайи ин иқдоми нажодпарастона, гурӯҳҳои фаластинӣ онро маҳкум ва ин тасмимро ҷанги динӣ баршумурданд, ки режими саҳюнистӣ бо ҳадафи тағйири моҳият, даргирии онро ба роҳ андохтааст.