Ҷузиёти ҳамлаи мушакӣ ва паҳбодии Артиши Яман ба Арабистон ва Аморот
(last modified Mon, 24 Jan 2022 14:55:58 GMT )
Январ 24, 2022 19:55 Asia/Dushanbe
  • Ҷузиёти ҳамлаи мушакӣ ва паҳбодии Артиши Яман ба Арабистон ва Аморот

Қисмҳои мушакӣ ва паҳбодии Яман дар посух ба ташдиди ҳамалоти мутаҷовизони амрикоӣ-саъудӣ-аморотӣ умқи хоки Арабистони Саъудӣ ва Амороти Мутаҳидаро ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Яҳё Сариъ- сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман  конфронси хабарӣ дар бораи амлиёти ахири неруҳои мусаллаҳи Яман зидди Амороти муттаҳидаи араб ва Арабистони Саъудӣ баргузор кард.

Яҳё Сариъ дар ин конфоронс хабарӣ, ки мустақим аз шабакаи Алмасира пахш мешуд баёнияи неруҳои мусаллҳаи Яманро дар бораи ин ҳамалот баён кард.

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Худованди Мутаъол фармуд:

وَلَمَنِ انْتَصَرَ بَعْدَ ظُلْمِهِ فَأُولَٰئِکَ مَا عَلَیْهِمْ مِنْ سَبِیلٍ

Қисми мушакӣ ва паҳбодии Яман дар посух ба ташдиди ҳамалоти мутаҷовизони амрикоӣ-саъудӣ-аморотӣ ва ҷиноятҳои онҳо зидди миллати бузурги Яман, амалиёти низомии густардае ба номи "Гурдони Яман 2" иҷро кард ва дар он умқи хоки Арабистони Саъудирӣ ва Амороти муттаҳидаи арабӣ ба қарори зери ҳадаф қарор гирифт.

Пойгоҳи ҳавоии Алзуфра ва дигар ҳадафҳои муҳим ва ҳассос дар Абузабӣ- пойтахти Аморот бо теъдоди зиёди мушаки болостики Зулфиқор ҳадаф қарор гирифт.

Мавозеъи ҳаётӣ ва муҳим дар минтақаи Дубай бо теъдоди зиёди паҳбоди Самод 3 ҳадаф қарор гирифтанд, ҳамчунин бархе мавозеъи низомӣ дар умқи хоки Арабистони Саъудӣ аз ҷумла минтақаи Шарура бо теъдоди зиёди паҳбоди Самод 1 ва Қосиф 2К ҳадаф қарор гирифтанд.

Илова бар ин бисёре аз мавозехи ҳаётӣ ва муҳим дар Ҷейзон ва Асира бо теъдоди зиёди мушаки болостик, ки бо диқат ба аҳдофи худ исобат карданд ҳадаф қарор гирифтанд.

Аҳдофи ин амалиёт ба ёрии Худованд ба таври комил таҳаққуқ пайдо кард. Неруҳои мусаллаҳи Яман зимни эъломи иҷрои ин амалиёт омодагии комили худро барои тавсеаи амалиёти худ дар оянда ва муқобила ба мисл дар баробари ташдиди ҳамалот эълом мекунад ва бори дигар ба ширкатҳои хориҷӣ ва сармоягузорон дар кишвари Аморот тавсеа мекунад, ин кишварро тарк кунанд, зеро Аморот дигар кишвари амн нест ва то замоне, ки ба таҷовузот ва муҳосироти худ зидди миллати Яман идома медиҳад ба шакли идомадор дар маърази ҳамла қарор дорад.

Яман зиндаву пойдор ва мустақил бод.

Пирузӣ аз они мардуми Яман ва ҳамаи озодагони Уммат аст.

Санъо, 21 ҷимодул сонӣ 1443 ҳиҷрии қамарӣ ва 24 январи 2022 мелодӣ, баёнияи неруҳои муссалаҳи Яман.