Январ 26, 2022 13:48 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои саудӣ ба манотиқи мухталифи Яман

Ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 50 мартаба манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши “Алмасира”, ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ 5 бор ба минтақаи Ҷабали Ҳабашӣ, дар вилояти Таиз ҳамла карданд.

Санъо, пойтахти Яман низ ҳадафи ҳамалоти мутаҷовизи саудӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 28 бор вилояти Маъриб, 6 бор Алҷуф ва 3 бор ба Шабаҳро ҳадаф қарор доданд.

Ҷангафрӯзиҳои Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин беш аз 85 дарсад аз зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишварро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ рӯ ба рӯ кардааст.

 

 

 

 

Барчасп