Феврал 05, 2022 19:46 Asia/Dushanbe
  • Аморот мунтазири посухи дарднок бошад

Узви ҳайати музокиракунандаи давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, Аморот бояд мунтазири посухи дарднок бошад ва посух додан ба манбаъи таҳдид амри оддӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулмалик Алъаҷрӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати наҷоти миллии Яман дар суханоне изҳор кард: Муқаддимачинӣ барои мудохилаи Аморот дар Яман аз замоне оғоз шуд, ки амрикоиҳо итминон ёфтанд, ки ҷанги Маъриб ниҳоӣ шуд ва дар мароҳили поёнӣ ва сарнавиштсози худ аст.

Алъаҷрӣ таъкид кард, замоне, ки Аморот вориди ҷанг шуд бояд мунтазири посухи дарднок бошад ва тадовуми ҷанг пеш аз он чи интизор меравад, барои он харҷ хоҳад дошт.

Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад

Давлати наҷоти миллии Яман: Таҳрими Ансоруллоҳ, яъне Амрико ба дунболи сулҳ дар Яман нест

Узви ҳайати музокиракунандаи давлати наҷоти миллии Яман ҳамчунин таъкид кард, нерӯҳои мулсаллаҳи Яман танҳо касонеро ҳадаф қарор медиҳад, ки мардуми Яманро ҳадаф қарор доданд.

Пештар Абдулмалик Алҳавсӣ, дабири кулли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар суханоне таъкид карда буд, амрикоиҳо, режими саҳюнистӣ Аморотро водор ба аз саргирии ҳамалот ба Яман карданд ва мутмаинан бозандаи ин бозӣ Аморот хоҳад буд.

Муҳаммад Алғаморӣ, раиси ситоди неруҳои мусаллаҳи давлати наҷоти миллии Яман низ рӯзи ҷумъа дар суханоне таъкид кард, дар сурати идома доштани ҳамалот ва таҷовузи онҳо, нируҳои Яман ҳамалоти ҷадидро бо диқати бештар ва қудрати тахриби густардатар зидди онҳо анҷом хоҳад дод.

 

Барчасп