Мақомоти олии Иморот солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро табрик гуфтанд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i81056-Мақомоти_олии_Иморот_солрӯзи_пирӯзии_инқилоби_исломиро_табрик_гуфтанд
Раиси давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ҳокими Дубай ва валиаҳди Абузаби дар паёмҳои ҷудогона ба оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломи Эрон, фаро расидани солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломиро ба масъулону мардуми Эрон табрик гуфтанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 11, 2022 17:25 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти олии Иморот солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро табрик гуфтанд

Раиси давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ҳокими Дубай ва валиаҳди Абузаби дар паёмҳои ҷудогона ба оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломи Эрон, фаро расидани солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломиро ба масъулону мардуми Эрон табрик гуфтанд.

Ба гузориши хабаргузории Иморот (Вом), Шайх Халифа бин Зойд Оли Наҳён, раиси Иморот бо ирсоли номае ба оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломиро ба вай ва мардуми Эрон табрик гуфт.

Ҳамчунин шайх Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, муовини раиси Иморот, нахуствазир ва ҳокими Дубай ва шайх Муҳаммад бин Зойд Оли Наҳён, валиаҳди Абузаби ва муовини фармондеҳии кулли Неруҳои мусаллаҳи Иморот бо ирсоли номаҳои мушобеҳ ва ҷудогона, рӯзи миллӣ ва фаро расидани солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба оятуллоҳ Раисӣ, раиси ҷумҳурӣ ва миллати Эрон табрик гуфтанд.