Феврал 11, 2022 21:10 Asia/Dushanbe
  • Маросими гиромидошти солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Ироқ

Маросими гиромидошти чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Басраи Ироқ баргузор шуд.

Шуморе аз шахсиятҳои динӣ, сиёсӣ ва сарони қабоили ироқӣ дар ин маросим ҳузур доштанд.

Суханронон дар ин маросим аз нақши бузурги инқилоби исломии Эрон дар ҳимояту ёрии миллатҳои мустазъаф сухан гуфтанд.

Ширкаткунандагон ҳамчунин дар ин маросим таъкид карданд, инқилоби исломии Эрон тавонист мувозинаи қудратҳои низомиву сиёсӣ ва иқтисодиро ба нафъи неруҳои миллии мухолифи тарҳҳои султаҷӯёна дар Ироқ ва минтақа тағйир диҳад ва нақши муҳиме дар қиёми миллатҳои исломӣ ва мустазъаф дошта бошад.

Ҳасан Рошид, масъули созмони Бадр дар Басра, Шайх Муҳаммадамин Тоҳо, намояндаи муфтии ҷумҳурии Ироқ, Ҷавод Аламмора,  аз раҳбарони ҷараёни Ҳикмат дар Ироқ ва Сайид Фурот, аз намояндагони собиқи Парлумони Ироқ дар ин маросим ширкат ва суханронӣ карданд.

 

 

Барчасп