Ноябр 18, 2016 21:02 Asia/Dushanbe

Намояндаи марҷаияти олиқадри Ироқ аз рашодат ва далерии нерӯҳои ироқӣ дар амалиёти озодсозии вилояти Найнаво аз ишғоли террористҳои ДИИШ қадрдонӣ кард.

Шайх Абдулмаҳдӣ Карбалоӣ, намояндаи оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаён дар Ироқ, дар хутбаҳои намози ҷумъаи Карбало гуфт, танҳо чанд қадаме бештар ба пирӯзии ниҳоии нерӯҳои ироқӣ дар Мусил боқӣ намондааст ва ҳама бояд аз нерӯҳои ироқӣ бештар ҳимоят кунанд.

Ҳодӣ Омирӣ, дабири кулли Созмони Бадри Ироқ низ панҷшанбешаб гуфт, замони озодсозии манотиқи таҳти ишғоли ДИИШ наздик аст ва нерӯҳои мардумии Ироқ баъд аз озодсозии фурӯдгоҳи Талл-Афар аз ишғоли террористҳои ДИИШ, ҳамчунон машғули поксозии комили он ҳастанд.

Фурӯдгоҳи Талл-Афар дар ғарби Мусил, маркази вилояти Найнаво, рӯзи чаҳоршанбе ба таври комил аз ишғоли гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ озод шуд.

Пойгоҳи ироқии “Суммария нюз” гузориш дод, нерӯҳои басиҷи мардумӣ ҳавопаймои бидуни сарнишин (ПАҲПОД)-и ДИИШ-ро, ки бар фарози фурӯдгоҳи Талл-Афар, дар ғарби Мусил дар парвоз буд, мунҳадим карданд.

Ин ҳавопаймои бидуни сарнишини ДИИШ муҷаҳҳаз ба дурбин барои тасвирбардорӣ буд ва террористҳо аз ин навъи паҳподҳо барои шиносоии мавқеиятҳои низомӣ истифода мекунанд.

Амалиёти Мусил 17-уми октябр аз меҳварҳои шарқӣ, ҷанубӣ ва шимолӣ шурӯъ ва марҳалаи дуввуми он низ бо вуруди нерӯҳои басиҷи мардумӣ аз меҳвари ғарбӣ оғоз шуд.

Нерӯҳои ироқӣ баъд аз чанд ҳафтаи набард, ба дохили Мусил нуфуз кардаву ҳамакнун дар бахшҳое аз ин шаҳр дар ҳоли амалиёти поксозӣ ҳастанд.

 

Барчасп