Узрхоҳии фармондеҳи полиси Кашмир бо аксе аз сардор Сулаймонӣ+видео
(last modified Wed, 16 Feb 2022 14:54:46 GMT )
Феврал 16, 2022 19:54 Asia/Dushanbe

Дар Кашмир иҳонати як маъмури полис,ба сурати сардори эронӣ эътирози густардаи мардумро сабаб шуд ва шаҳрро ба ҳам рехт, аммо чигуна шаҳрро ором кард.

Дар даргирии полис бо мардуми Кашмири Ҳинд яке аз нерӯҳои полис аксе аз шаҳид Сулаймониро, ки дар хонаи яке аз шаҳрвандони кишмирӣ буд месузонад ва ҳамин кофӣ буд, ки шаҳр ба ҳам бирезад.

Пас аз ин иттифоқ мардум дар дифоъ аз шаҳид Сулаймонӣ ба хиёбонҳо омаданд. Ин ҳузури мардумӣ полисро маҷбур ба узрхоҳӣ кард ва ин узурхоҳӣ бо ҳузури фармондеҳи полис, ки акси шаҳид Сулаймонӣ ва Раҳбари инқилобро дар даст дошт, сурат гирифт.

Пас аз ин моҷаро мардум ва нерӯҳои полиси Кашмир аксҳое аз шаҳид Сулаймонӣ ва Раҳбари Эронро дар хиёбонҳои шаҳр часпонданд.