Идомаи амалиёти мудохилаҷӯёнаи Туркия дар хоки Сурия
Артиши Туркия дар идомаи нақзи ҳокимияти Сурия 9 узви ҳизби коргарони Курдистон ПКК-ро дар шимоли ин кишвар ҳадаф қарор дод.
Анкара ба баҳонаи мубориза бо ПКК, шимоли Сурия ва Ироқро ба арсаи тохту този низомиёни артиши Туркия табдил карда аст. Туркия ҳизби коргарони Курдистонро дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ қарор дода ва амалиёти низомӣ зидди ПКК дар Сурия ва Ироқро ба вуҷуди эътирози миллатҳои ин ду кишвар идома медиҳад.
Шабакаи радио-телевизиони Ти ор ти (Туркия) имрӯз, чаҳоршанбе ба нақл аз Вазорати дифоъи ин кишвар гузориш дод, аъзои ПКК дар минтақаи амалиёти Сипари Фурот ҳадаф қарор гирифтанд.
Вазорати дифоъи Туркия мисли тамоми баёнияҳои худ дар мавриди куштори аъзои ПКК ин бор низ хотирнишон кард, аъзои ин ҳизб қасди ҳамла ба нирӯҳои артиши ин кишварро дошта ва пеш аз ҳар иқдоме ҳадаф қарор гирифтаанд.