Феврал 21, 2022 15:57 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тахриби манозили асирони фаластинӣ тавассути режими саҳюнистӣ

Режими саҳюнистӣ хонаи асири фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Урдунро тахриб кард.

Ба гузориши Фаластин Алявм, нерӯҳои режими саҳюнистӣ бо юриш ба меҳвари ғарбии шаҳри Ҷинин воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ хонаи Муҳаммадюсуф Ҷародот, асири фаластиниро тахриб карданд.

Дар ин гузориш омадааст, ҳафтаи гузашта низ хонаи як асири фаластинии дигар дар Каронаи Бохтарӣ тахриб шуда буд.

Пештар ҷумбиши фаластинии «Ал Асира» баёнияеро дар хусӯси иқдомоти саркӯбгаронаи низомиёни режими саҳюнистӣ зидди асирои фаластинӣ дар зиндонҳои ин режим содир кард.

Дар баёнияи ин ҷумбиши фаластинӣ омадааст, зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар ҳоли ҳозир шоҳиди танишҳое аст, ки пештар собиқа надоштааст ва саркубгариҳо зидди асирони фаластинӣ беш аз пеш ташдид шудааст.

Ин ҷумбиш афзуд, набард зидди саҳюнистҳо ва ҳимоят аз асирон то замони мутаваққиф шудани иқдомоти режими саҳюнистӣ алайҳи боздошт шудагон, мутаваққиф нахоҳад шуд.