Инфиҷорҳои террористӣ дар пойтахти Ироқ
(last modified Sun, 20 Nov 2016 12:34:11 GMT )
Ноябр 20, 2016 17:34 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷорҳои террористӣ дар пойтахти Ироқ

Инфиҷорҳои террористӣ дар марказ ва ҷануби Бағдод, 20 кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз Вазорати дохилии Ироқ, рӯз якшанбе бар асари инфиҷори бомба дар наздики бозоре дар минтақаи Алюсуфия, дар ҷануби Бағдод, ду нафар кушта ва нӯҳ нафар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин бар асари инфиҷори бомба дар наздики як меҳмонхона дар минтақаи Шайх Умар, маркази Бағдод, се нафар кушта ва шаш нафар захмӣ шуданд.

Ҳайати Созмони милали муттаҳид дар Ироқ ҳафтаи гузашта дар гузорише эълом кард, беш аз ҳазору 700 ироқӣ тайи моҳи октябр бар асари хушунатҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси эъломи ҳайати СММ, вилояти Бағдод бо 268 кушта ва 807 захмӣ, болотарин омори талафотро дар моҳи октябр доштааст.