Куштори Ҳарами иброҳимӣ гувоҳе бар моҳияти террористии Исроил боқӣ хоҳад монд
(last modified Sat, 26 Feb 2022 10:34:08 GMT )
Феврал 26, 2022 15:34 Asia/Dushanbe
  • Куштори Ҳарами иброҳимӣ гувоҳе бар моҳияти террористии Исроил боқӣ хоҳад монд

Ноиб раиси парлумони Фаластин гуфт, куштори намозгузорони фаластинӣ дар масҷиди ҳазрати Иброҳим (а) ба унвони гувоҳе бар моҳияти террористӣ ва нажодпарастии режими саҳюнистӣ, боқӣ хоҳад монд.

Аҳмад Баҳр, ноибраиси порлумони Фаластин ба муносибати 28-умин солрӯзи куштори намозгузорони фаластинӣ дар ҳарами ҳазрати Иброҳим (а) эълом кард, низомиён ва шаҳракнишинони режими саҳюнистӣ ҳамчунон аз сукути маргбори маҳофилу маҷомеи байналмилалӣ дар ростои шиддат бахшидан ба таҷовузоти худ зидди миллати Фаластину нақзи қавонин сӯи истифода ва иқдом ба таҷовузот ва ҷиноёти нажодпарастона зидди мардуми Фаластин мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, Аҳмад Баҳр, таҳаррукоти густардаи маҷомеъ ва маҳофили байналмилалӣ дар ростои мунзавӣ кардани режими саҳюнистӣ ва муҳокима ва муҷозоти сарони онро хостор шуд.

Кумитаи мероси ҷаҳонии вобаста ба ЮНЕСКО соли 2017 эълом кард, Ҳарами иброҳимӣ як маҳали таърихӣ мутааллиқ ба фаластиниён аст.