Март 03, 2022 17:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбиши Ҳамос: Аз асирони фаластинӣ ҳимоят мекунем

Яке аз сарони ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" бо баёни ин ки саҳюнистҳо бо оташ бозӣ мекунанд, гуфт: Ишғолгарон озору азияти асирони фаластинӣ дар зиндонро шиддат бахшидаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, ҳудуди 4500 фаластинӣ дар зиндонҳои режими Исроил асир ҳастанд.

Шароити ғайриинсонӣ ва шиканҷаи асирони фаластинӣ тавасути режими саҳюнистӣ сабаби шаклгирии тазоҳуроти гуногуни фаластиниҳо дар ҳимоят аз асирон ва ҳамчунин гуруснанишинии мукарари фаластиниҳо шуда аст.

Ҳусейн Абукувик, яке аз сарони ҷунбиши Ҳамос эълом кард, пайгири вазъияти зиндониёни фаластинӣ ҳастем ва ҳаргиз онҳоро дар ҳоли худ раҳо нахоҳем кард.

Ҳушдори Ҳамос соате пас аз он эълом мешавад, ки даҳҳо фаластинӣ дар даргириҳои Алхалил захмӣ шуданд.

 

Барчасп