Март 14, 2022 11:31 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҳавоии Эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба Яман

Манобеи расонаӣ аз бомбаборони манотиқи мухталифи Яман тавассути ҷангандаи бомбафканҳои Эътилофи саудӣ хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи “Алмасира”, ҷангандаи бомбафканҳои Эътилофи саудӣ дар соатҳои гузашта ноҳияҳои Сарвоҳ ва Алводӣ, воқеъ дар вилояти Маъриби Яманро 9 бор бомбаборон карданд.

Бар асоси ин гузориш, ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ ҳамчунин 5 бор манотиқе дар вилояти Ҳаҷҷа, 2 бори вилояти Саъда ва дар як навбат низ вилояти Алҷуфро ҳадаф қарор доданд.

Тайи рӯзҳои гузашта низ ҳамалоти ҳавоии Эътилофи саудӣ ба вижа дар вилояти Ҳаҷҷаи Яман идома доштааст.

Ҳамчунин манобеи низомии Яман гузориш доданд, нерӯҳои Эътилофи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 138 бор оташбаси иддаоӣ дар вилояти Ҳудайдаро нақз карданд.

Яман беш аз ҳафт сол бо нақзи ҷиддии бисёре аз усули бунёдини ҳуқуқи башардӯстона аз сӯи режими Саудӣ ва муттаҳидони он мувоҷеҳ аст. Ҷомеаи байналмилалӣ дар интизори вокуниши ниҳодҳои таъсиргузор ва давлатҳо, ба вижа Шурои амнияти Созмони Милал буд, аммо ин ниҳодҳо дар баробари нақзи ошкори ҳуқуқи башардӯстона ҳамчунон сукут кардаанд.

 

Барчасп