Март 25, 2022 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳазорон фаластинӣ дар намози субҳи Масҷидулақсо
    Ҳузури ҳазорон фаластинӣ дар намози субҳи Масҷидулақсо

Ҳазорон фаластинӣ рӯзи ҷумъа намози субҳро дар масҷиди мубораки Алақсо иқома карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, ҳазорон фаластинӣ аз ҷумлаи занону кӯдакон ба рағми шароити номусоиди амнгиятӣ намози субҳро дар Масҷидулақсо иқома карданд. Ин иқдом дар чорчӯби маъракаи "Фаҷри азим" ва бо шиори "бомдоди рӯзи Замин" баргузор гардид.
Ҷумбиши Ҳамос ва фаъолони фаластинӣ ба муносибати 46-мин солгашти "рӯзи Замин" хостори ҳузури густардаи фаластиниён дар Масҷидулақсо шуданд.
Ҷумбишҳои ҷавонон дар каронаи бохтарии руди Урдун, Қудси ишғолӣ ва арозии ишғолии соли 1948 фарохонҳои ироашударо дар чорчӯби ёрӣ аз фаластиниёни муқовим дар нақби ишғолӣ ва муқобила бо сиёсати кӯчи иҷборӣ ва тахриби манозил дар маҳаллаи Шайх Ҷарроҳи Қудс медонанд.
Дар ин фарохонҳо ба зарурати мушорикати густардаи мардум ва пуштибонӣ аз якдигар барои иқомаи намози ҷумъа дар масҷиди Алақсо ишор ава таъкид шудааст ҳамкорӣ ва ҳимоят аз аҳолии Қудси ишғолӣ дар баробари сиёсати тахриби манозил, муҳоҷирати иҷборӣ ва яҳудисозӣ комилан зарурӣ аст.

 

Барчасп