Март 26, 2022 13:12 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони устони Ал Ҳудайда тавассути ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ

Ҷанганда бомбафканҳои Эътилофи саудӣ манотиқе дар устони Ал Ҳудайдаи Яманро бомбаборон карданд.

Ҷанганда бомбафканҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ бомдоди шанбе бандари ал-Салиф воқеъ дар ғарби Яманро ҳадафи бомбаборони ҳавоии худ қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, ҷанганда бомбафканҳои Эътилофи саудӣ ҳамчунин дар чанд навбат, махозини сӯхт ва нерӯгоҳи барқи Ал Ҳудайдаро бомбаборон карданд.

Ҳамчунин манобеи низомии Яман гузориш доданд, Эътилофи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 148 бор оташбаси иддаоӣ дар устони Ал Ҳудайдаро нақз кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин беш аз 85 дарсади зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишвар бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Барчасп