Апрел 05, 2022 14:17 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саудӣ 119 бор оташбаси Яманро нақз кард

Эътилофи саудӣ тайи 24 соати гузашта 119 бор оташбас дар устони Ал Ҳудайдаи Яманро нақз кардааст.

Ба гузориши шабкаи хабарии Ал Масира, ҳавопаймоҳои Эътилофи саудӣ бомдоди сешанбе ба шаҳристони Ҳис дар шимоли ғарбии Яман ҳамла карданд. Нерӯҳои Эътилофи саудӣ ҳамчунин манотиқе дар устони Ал Ҳудайдаро ҳадафи ҳамалоти ракетӣ қарор доданд.

Ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ 27 бор дар ҳарими ҳавоии устонҳои Маариб, Ҳаҷа, Саъда парвоз карда ва болгардҳои ин эътилоф низ 16 бор манозили шаҳрвандону мавозеъи артишу кумитаҳои мардумии Яманро бомбаборон карданд.

Ин ҳамалот дар ҳоле сӯрати гирифта, ки шанбешаб дафтари Ҳанс Грундберг, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман эълом карда буд, оташбас дар Яман ба муддати ду моҳ аз соати ҳафт асри рӯзи шанбе оғоз шуда ва тамомии амалиёти низомии таҳоҷумии заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ мутаваққиф хоҳад шуд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар вокуниш ба эъломи иҷрои оташбас дар Яман аз сӯи намояндаи вижаи СММ гуфт, бо иҷроӣ шудани оташбаси башардӯстона ва низомӣ, мо тааҳҳуди худро ба таваққуфи ҳамаҷонибаи амалиёти низомӣ то замоне, ки тарафи муқобил ба он идома диҳад, эълом мекунем.

 

Барчасп